БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ШИРКАТ МЕВАРЗЕМ ВА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми навбатӣ ва  муаррифи намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" ва "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бо интихобкунандагони ҷавон ҷаласа баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур намояндагони ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, масъулин изҳор доштанд, ки имсол барои кишвари мо боз як давраи нав фаро мерасад. Аз ҷамоату деҳотҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳурӣ вакилони нав интихоб мегарданд. Ҳар як марҳилаи интихобот мардуми моро, бахусус ҷавононро, ки яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳавасманду болидаруҳ мегардонад. Имсол дар интихоботи парлумонӣ номзадии чанд ҷавоне низ пешбарӣ шудааст, ки бо ба даст овардани раъйи бештар онҳо метавонанд, соҳиби курсии парлумонӣ гардида, барои ободтару шукуфоии кишварамон талош варзанд. Дар семинари мазкур аз дигар баромадкунандагон вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад.

Дар охир иштирокдорон ба масъулин оид ба интихобот ва моҳияти қонуни мазкур саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg