БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштирок дар интихобот дар ташкилотҳои ибтидоии “Маркази саломатии шаҳрии №2” ва “Маркази эмтаъминкунӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони хизб маҷлис доир гардид.

Мулоқот бо суханронии масъулин оғоз гардида, қайд карда шуд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии ҳизб инъикос ёфтааст. Яке аз самтҳои барномаи ҳизбӣ самти тандурустӣ буда, фаъолияти ҲХДТ дар соҳаи тандурустӣ ин ҷиҳати беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона шудааст.

Дар охир  иштирокчиён даъват ба амал оварда шуданд, ки рӯзи 1 марти соли ҷорӣ дар маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ фаъолона иштирок намоянд.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg