ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 санаи 1 марти соли равон дар қаламрави кишвар интихоботи вакилон ба Парлумони кишвар ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ баргузор мегардад. Бо ин мақсад ва тарғиби сиёсати ҳамаҷонибаи ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар дар ташкилоти ибтидоии “Шӯрообод”-и деҳаи Шӯрчаи Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки васеи аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда шуда, мардуми маҳалро барои интихоби ояндаи дурахшони кишвар, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуданд.