ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати баргузории вохӯриву суӽбатӽо ва Аксияи ӽизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ӽал мекунем!” дар ташкилотҳои ибтидоии “Мактаб-интернати хонандагони болаёқат”-и деӽаи Кадучии ҷамоати деӽоти ба номи М. Вайсов ва Беморхонаи №2” бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.
Нахуст, дар Беморхонаи №2 бо иштироки коллективи меҳнатӣ Аксияи ӽизбӣ роҳандозӣ карда шуда, дар он корӽои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ заминҳои саҳни Беморхона нарму мулоим ва 20 адад ниҳолҳои сӯзанбарг бо риояи қоидаҳои ниҳолшинонӣ шинонида шуданд.
Ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ, намояндагони ҳизбӣ аз суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда, барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба иштирокдорон изҳори миннатдорӣ баён карданд. Чунин вохӯрии судманд ва Аксияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Мактаб интернати хонандагони болаёқат” низ гузаронида шуд.