БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБ МАҲСУЛИ АҚЛУ ЗАКОВАТИ МАРДУМ БУДА, ҚОБИЛИЯТИ СУХАНДОНИРО САЙҚАЛ МЕДИҲАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Устод» вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид.

Дар суҳбат масъулин ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён, тарбияи насли наврас, амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия баромад намуда, қайд карданд, ки ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардонидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад, чунки Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба тамоми муассисаву корхонаҳо супориш доданд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шавад, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, яке аз муҳимтарин васитаҳои маърифатнок кардани аҳолии ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg