БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии намояндагони ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии “Почтаи тоҷик” оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.
Масъулин зимни суханронӣ гуфтанд, ки ҲХДТ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум! ”, аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии даввлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ мекунад.