ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он, ҳамчунин, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «РАСИН», «Заминсоз», «Кишоварзӣ», «Нозироти андоз», «Литсейи касбии техникӣ» бо 118–нафар интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.