БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҚУТБНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ

ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қумсангир»-и ноҳия Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин вобаста ба Паёми Пешвои миллат баромад намуда, иброз доштанд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, дар зарфи соли якуми эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома доранд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар соли 2020 ва солҳои минбъда шароити инфрасохтори сайёҳиро дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ боз ҳам зарур шумурда, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод намуданд, ки ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода шуда, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg