БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛРО БО ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.     Ҷиҳати  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ ва  номзадҳои  ҳизб  ба  маҷлиси  маҳалии   вакилони  халқи вилояти  Ҳатлон  ва ноҳияи  Носири Хусрав ва фаҳмонидани муҳтавои самтҳои Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  ва Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ     дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” бо иштироки васеи  сокинон  вохӯрӣ  баргузор  гардид.      

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи макзкур қайд намуданд, ки   дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат соли 2019-ро барои мардуми  Тоҷикистон  соли  бобарор донистанд. Дар Паём ба ҳамаи сокинони мамлакат  муроҷиат  ба  амал  оварданд , ки  то  ҷашни  муқаддасу  бузурги  30-солагии  истиқлолияти  давлатии   Тоҷикистони  маҳбубамон  ҳар як  оила  ба  масъалаи  таҷдиду  азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани  манзили  зист, кӯчаву роҳрав, хиёбон ва  ҳамаи  маҳаллаҳои  аҳолинишин кӯшиш  намоянд.  ар  як мо ҷашни мубораки  миллиамонро дар шароити аз имрӯз беҳтар ва бо  дастовезҳои арзанда истиқбол намоем.

Дар  идома номзади вакили эҳтимолии аз ҳисоби  ҳизб пешбаришуда  дар  ҳавзаи  интихоботии  № 8, Муборакшои  Бозоралӣ шинос  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg