БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИЛОНА ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади тарғиби самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мубориз»-и деҳаи Ғалаба мулоқот доир намуданд.

Нотиқон иброз доштанд, ки сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Бо назардошти ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моро зарур аст, маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем. Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи азхудкунии заминҳои нави корам ва бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ таъмин намудани мардум бо маводи ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба ин аз ҳозирин ки аксариаташон саҳмдорон ва раҳбарони хоҷагиҳои деҳконӣ мебошанд, даъват ба амал оварда шуд, ки истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони боғу токзор ва дар баробари ин дар тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg