БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРИ ХАЙРУ САВОБРО КУЛЛИ ҶОМЕА ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи №2» вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Нотиқон аз Паём иқтибосҳо оварда иброз намуданд, ки вақти он расидааст,   бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем.

Ҳамчунин иброз шуд, ки ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорем ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.

Ҳамзамон дар идомаи суҳбат нотиқон аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, англисию русиро ба ҳозирин таъкид доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg