ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Адрасбофон” баргузор гардид. Инчунин намояндаи гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби занон дар ноҳияи Темурмалик низ дар чорабинӣ дошт.
Масъулони чорабинӣ муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон шарҳ доданд.
Ҳамзамон роҷе ба аҳамияти иштирок дар интихобот ва саҳмгузорӣ дар ояндаи кишвар суханронӣ карданд.