БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРИ СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ҲХДТ МЕБОШЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзои  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи Ҳаёти нав»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   вохӯрӣ доир карданд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳизб пешбурди ҳафт самти афзалиятнокро то солҳои 2020 ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Яке аз роҳҳои иҷроиши он ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёти кишвар аз аграриву индустриалӣ ба индустриаливу аграрӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон мебошад, ки барои рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg