БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРИ ҚОНУН ВА ЗИДДИ ИФРОТЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Фарғона» вохӯрӣ баргузор карданд ва мавзӯъҳои Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   

Дар вохӯрӣ ҳамчунин, атрофи аҳамияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  низ суханронӣ карданд.

Оид ба масъалаҳои баррасигардида баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, ҳамагон даъват шуданд, ки баҳри пешгирии амалҳои номатлуб бетараф набуда, дар риояи қонунҳои амалкунанда фаъол бошанд.  

Масъулон зимни баромад оид ба самтҳои афзалятноки  фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ  ва маҷлисҳои маҳаллӣ суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg