НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лангар-2” ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карданд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ дар баромади худ иброз доштанд, ки ҷавонон ҷиҳати ҳифзи Ватан, ҳамкорӣ бо мақомоти Ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, пешгирии ҳолатҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва инчунин барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани номи Ватани азизамон дар самти варзиш бояд фаъол бошанд.
Ҳамзамон самтҳои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба иштирокдорон шарҳ дода шуда, сокинон барои иштироки фаъолона дар интихобот даъват шуданд.