НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лангар-1” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Намояндагони ҳизб дар баромади худ иброз доштанд, ки ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯшиш мекунад.
Ҳамзамон дигар самтҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба иштирокдорон фаҳмонида шуд.