НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди манотиқи кӯҳистон”-и шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар, баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ, ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” суханронӣ карданд.