БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҲИЗБИ СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР АСТ!

АНДЕША. Баъди пош хурдани Ҳукумати Шӯравӣ  дар Тоҷикистон яку якбора шумораи аҳзоби сиёсӣ афзоиш ёфт ва ин омил собит кард, ки давлат дар шароити нав барои рақобати солими сиёсӣ ба ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ шароити якхелаи фаъолиятро кафолат додааст.

    Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ дар масири рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд гузошт. Агар дар оғози фаъолият бо назардошти омода набудани ҷомеаи маданӣ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ мардум ба назари шубҳа менигарист, вале таърих исбот кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Барнома ва Оинномаи худ тамоми орзуву ормони мардуми кишварро дар ростои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷассум сохтааст. Бо шарофати фаъолияти аъзои ин ҳизби сиёсии пештоз сулҳу субот ва амнияти мардум дар мамлакат таъмин аст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки ҳама хурду бузурги мамлакат амиқан эҳсос мекунанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду нумӯи кишвар чӣ таъсир дораду дар масири бунёди ҷомеаи мардумсолор ва шинохти миллату давлати Тоҷикистон чӣ нақш!

   Ҳама он ободкорию бунёди як қатор иншооти хусусияти иқтисодию иҷтимоидошта дар кишвар заминаи татбиқи амалии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки мо аз рисолати таърихии ин ҳизби барои мардум азиз қадрдонӣ мекунем.

   Як ноҳияи кӯҳистони Шамсиддин Шоҳин, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар заминаи як деҳаи хурд таъсис ёфта буд, имрӯз ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст. Ин ҳама аз фаъолияти босуботи ҳизбиён ва Раиси муаззами он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар якҷоягӣ ба ин рӯзҳои босаодат расидаем!

   Бинобар ин, месазад, ки аз ҳастии ин ҳизб чун роҳбари кордону ватандӯсташ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу давлат содиқона хизмат намоем ва барои иҷрои ташаббусҳои созандаи он дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ созем.

   Дастгирӣ аз сиёсатӣ ҳизбӣ ин дастгирӣ аз пешрафту шукӯфоии кишвари азизамон аст ва дар масири интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои мақомоти намояндагӣ аз мандати ҳизбӣ ва номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ пуштибонӣ месозем!

                                           

Холмадова Мастура, аъзои фаъоли ҲХДТ, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg