АНДЕША. Ман ҳамчун як ҷавон ва аъзои ҲХДТ ифтихор аз он дорам, ки ҳизби мо ҳизби мардумист, ҳизбест, ки марому мақсади он танҳо барои халқ кор кардан, вазъи зиндагии мардумро шоиста гардонидан, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ доштан ва барои рушду инкишофи меҳани маҳбубамон талош намудан аст.
Ин аст, ки ҳар як узви ҳизб таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият намуда, дар роҳи Ватан ба кишвари азизамон чун Сарвари муаззами ҳизбамон - Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи ибрати мост, тамоми ҳастию кӯшишамонро дареғ намедонем. Танҳо якдилӣ, ягонагӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтар намоем ва ҳамчун як кишвари пешрафта, сарсабзу хуррам, осумонаш пур аз фазои ваҳдату истиқлол, миллаташ орому осуда ва соҳибтаъриху соҳибтамаддун муаррифӣ намоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангӣ сиёсии онҳо мусоидат намуда ҳамкориҳои доимиву густурдаро ба ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст. Дар тули 25 – сол ин ҳизб тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёбад, мардумро дар равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти Ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ҳаллӣ аҳдофи стратегӣ оқилона роҳнамои намояд. Дар давраи истиқлолият дар кишвари мо корҳои бузурге ба сомон расиданд ва ё бунёди босуръати онҳо идома ёфта истодаанд, ки дар муқоиса бо даврони Иттиҳоди Шуравӣ, ки имконоти хеле густурда дошт, анҷом додани он ба осонӣ муяссар намешуд. Моро зарурате пеш омад, ки бо истифода аз имкониятҳои маҳдуди худ иншооти ҳаётан муҳими индустриалиро, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат менамояд, бунёд кунем. Тоҷикистони азизи мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар нагузаронида буданд, солҳои аввали истиқлолият хеле осебпазир буд, вале мо тавре, ки Пешвои миллат борҳо дар баромадҳои худ таъкид намуданд, дар такия бо иродаи шикастнопазири халқи тоҷик тавонистем, ки кишварро аз ин вартаи марговар наҷот диҳем. Пас мо ҳақ надорем, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузургро, ки бо заҳмату талоши сангин ба даст омадаанд нодида гирем ва ё ночиз шуморем. Мо аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ақидаи худ устувор бошем, ба арзишҳои давлати демократӣ ва миллӣ арҷ гузорем, барои фароҳам овардани зиндагии арзишманди тамоми қишрҳои ҷомеа, ки аз шиорҳои асоси барномавии ҳизби мост замина гузорем. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо ба эътироф ва ҷонибдории мардум сазовор хоҳем шуд.
Камолиддинзода Ҷ, Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот
ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Данғара.