БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲХДТ-ҲИЗБИ АДОЛАТПАРВАР ВА ТАШАББУСКОР ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

АНДЕША. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо тақозои замон, дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои мардум, истиқлолияти давлат ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил шуда, тавонист ба ташкилоти бонуфузи сиёсӣ ва дорои сохтори муназзами ташкилӣ табдил ёбад. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, ки ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро аксари мардум тарафдорӣ мекунад, тавасути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи Барномаи худ, бо дарки масъулияту қудрати зеҳнии аъзоёнаш ва дастгирии неруҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ барои бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ширкати фаъолона намуда, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Ба ин маъно Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон чун зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон худро масъулияти таърихӣ медонад.

          Мақсади асосии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ризояти ҷомеа бо роҳи ҷалби фаъолонаи мардум ба ҳалли масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳизб таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мебошад, ки дар Анҷумани 13-уми  ҲХДТ аз 13 декабри соли 2019 шиори он «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» буд, ки дар он новобаста ба фарқияти миллӣ, наҷодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иштироки онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа кафолат дода мешавад.

          Ҳар узви ҳизб ҳуқуқ дорад дар кори ташкилию сиёсӣ мақоми сазовор дошта бошад ва бо фаъолияти пурсамари хеш қобили эҳтироми тамоми мардум гардад.

        Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон мушкилотҳои ҷомеаро амиқ таҳлилу таҳқиқ намуда, роҳу усулҳои ҳалли онҳоро тавсия медиҳад. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон-ҳизби ташаббускор буда, барои ҷомеаи адолатпарвар талош меварзад.

         Масъалаи сиёсии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ғамхори нисбати маънавиёти миллӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, волояти қонун ва муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ,  терроризм, экстремизим, роҳ надодан ба ҳеҷ гунна мороҷуиҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, марзӣ, миллӣ, маҳзабӣ, этникӣ,  таъмини ягонагии давлат ва дахлнопазирии кишвар, фароҳам овардани зиндагии арзанда ва кору фаъолияти озодона ва мустаҳкам кардани тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

        Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон тӯли 25 соли фаъолияти худ дар иҷро ва амали намудани ҳадафу стратегияҳои худ имрӯз ба неруи бузург табдил ёфтааст. Яке аз стратегияҳои он ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлиси вакилони халқ  мебошад, ки 1 марти соли 2020 доир мегардад ва мо аъзоён ва ҷонибдоронро зарур аст, ки дар ин рӯзи муборак ба ҲХДТ ва номзадҳои он раъйи худро диҳем.

Одиназода Ҳуснигул  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg