БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲИМТАРИН САМТҲОИ РУШДИ МАМЛАКАТ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОЯНДА!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сарфароз»-и шаҳри Левакант дар кӯчаҳои Носири Хусрав 29,31 бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб  вохӯрӣ доир гардид.

Қайд гардид, ки то кадом андоза шаффофу демократӣ сурат гирифтани интихобот аз ҳар нафар шаҳрванди мамлакат низ вобастагӣ дорад. Зеро ҳар раъйдиҳанда ҳуқуқи  як дафъа овоз доданро дорад.

Ҳамчунин Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардидааст, муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар панҷ соли ояндаро фарогир аст, ба мардум муаррифӣ гардида, бандҳои он шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифта, фаҳмиши худро дар бораи иштирок дар интихобот пурратар гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg