БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМНИЯТУ ОСОИШТАГИРО ПУШТИБОНЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар Литсейи касби саноати кимиёи шаҳр бо як гурӯҳ хонандагони фаъолу боистеъдод таҳти унвони “Амнияту осоиштагиро пуштибонем” мизи мудаввар доир гардид.

Қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба ҷавонон ва ҳаёту фаъолияти онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият диққати махсус зоҳир гардид ва ҳисси баланди худшиносиву огоҳии миллӣ доштани ҷавонон гарави амнияту осоиш ва пешрафти ҷомеа дониста шуд.

Ба гуфти масъулини кумитаи иҷроияи мазкур ин чорабинӣ бо мақсади ба саҳми ҷавонони пешсаф расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад. Дар охир миёни иштирокдорон оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва нақши волонтёрон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ сухан рафт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg