БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ ҲХДТ ФАРОҲАМ ОВРДАНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Бобоҷон Ғафуров”-и ноҳия ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, иштироки фаъолонаи сокинон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ доир карда шуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар суҳбат оид ба Анҷумани 13-уми ҲХДТ, ки санаи 13-уми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, сухан гуфт.  

Ҳамчунин, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, шарҳ дода шуд. 

Зикр шуд, ки ҲХДТ яке аз ҳизбҳои бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg