БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқкардаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Шахоби Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол бо интихобкунандагони ҷавони участкаи интихоботии №24 бо мақсади дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихоботи дарпешистода вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъулин доир ба Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 13-уми декабри соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 1917 вакил дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, суханронӣ намуданд.

Дар идома барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2020-2025-ро дар бар мегирад, ба иштирокдорон шарҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg