БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАҚДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳиянамудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №28, деҳаи Қизилнишони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳия оид ба омодагӣ ба интихоботи дарпешистода, ки 1-уми марти соли равон баргузор мегардад, вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 сухан гуфтанд.

Иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби ҲХДТ–ро нишон медиҳем - иброз доштанд масъулони чорабинӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg