БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДОНИРО АЗ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕКУНЕМ!

 ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ масъулони ҳизб бо сокинони деҳаи Чаманорои Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара вохӯрӣ доир намуданд. Ташкилкунандагони чорабинӣ   иброз доштанд, ки  дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 мо дар самти ба шароити шаҳр мутобиқ ва наздик кардани вазъи зиндагӣ дар деҳот кӯшиш ба харҷ медиҳем .

Рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба деҳоти кишвар, ки арзишҳои суннатии миллати мо дар он маҳфуз аст, алоқамандии бевосита доранд. Барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо, тавре ки Пешвои миллат дастур доданд, бояд ҳар як фарди ватандӯсти кишвар саҳмгузор бошад.

Дар охир оид ба иштироки фаъолна дар чорабинии сиёсӣ ва ба таври  шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихоботи дарпешистода  таъкид карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg