БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Бобо-Носири  Ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ анҷом доданд.

Намояндагони  ҳизбӣ доир ба масъалаҳои муҳиме,ки дар  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, аз ҷумла доир ба самти сиёсати гендерӣ ва оила суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла дар суҳбат масъулин дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеаи муосир  андешаронӣ карда, гуфтанд, ки Пешвои миллат  зимни ироаи Паём баён доштанд, ки:  “Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg