БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ДЕҲОТ РӮЗ ТО РӮЗ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ»-и  Ҷамоати деҳоти Иттифоқи  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби собиқадорону занон ва  намояндагони ҳизбӣ мулоқот  баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат  масъулин дар бораи  Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ибрози ақида намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд гардид, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ вобаста ба соҳаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз доштанд, ки “Аллакай дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg