БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ АСОСИИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ПИРӮЗӢ ДАР ИНТИХОБОТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  «20- солаги  Истиқлолият»-и  Ҷамоати  деҳоти Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид ба  таблиғу  ташвиқи   Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ вохӯрӣ баргузор  гардид.

Дар  вохӯрӣ  масъулин атрофи  самтҳои  асосии   марҳалаи  рушди  давлатдориамон, ки  дар  Паёми  Пешвои  миллат арзёбӣ  гардиданд,   андешаронӣ карда,  қайд  намуданд, ки дар  Паём дастовардҳои  ҳамаи  бахшҳои  сохтори  давлатӣ  мавриди  баррасӣ  ва  муҳокима  қарор дода шуда,  ҷиҳати  боз  ҳам  ҷоннок кардани дастуру супоришҳои  аз Паём бароянда ба як қатор вазорату мақомотҳои дахлдор дастурӯ супоришҳо дода шуд.

Инчунин, дар идома дар бораи маъракаи  муҳими   сиёсӣ -  интихоботи  Маҷлиси  Олӣ  ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ фикру мулоҳизаронӣ карда шуда, қайд  гардид, ки  барои  ба  даст  овардани  пирӯзӣ  ҳар  як  аъзои  ҳизб бо  истифода  аз қобилияти  зеҳнии   худ ба  номзади арзанда овоз медиҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg