БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилотҳои ибтидоии «Сурхоб»-и Ҷамоати деҳоти Ғалаба мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин  иброз доштанд, ки ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд. Ҳанӯз солҳое, ки ҷавононро як ҳисси маъюсӣ ва андуҳу ночорӣ фаро гирифта буд, Раиси муаззами ҲХДТ бо ибрози ибораи “Ҷавонон ояндаи миллатанд!” дубора шӯълаи умедро дар дили онҳо  бедор намуд. Маҳз ҷавононанд, ки метавонанд кори падарони худро дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ягонагии халқу кишвар ҳифз кунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 25 сол пеш дарк намуданд, ки эҳёи ғурури ҷавонон ба эҳёи дубораи ғурури миллати тоҷик боис мегардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg