БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАФАККУРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРИ ОН

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии «Нур»-и деҳаи Н.Сафари Ҷамоати деҳоти Ғалаба баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин атрофи  тафаккури ифротгароӣ сухан ронда, иброз доштанд, ки тафаккури ифротгароӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Мушкилии аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳҳои террористӣ иттилоъ надоранд ва бо фиребу найрангҳои онҳо соддалавҳона дода мешаванд. Ҳол он, ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи мо, Ватани мо, Истиқлолияти мо, мардуми мо ва ҳар як нафари мо равона шудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg