НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Варзиш” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Масъулин дар баромади худ қайд намуданд, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. ҲХДТ ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа башхида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд.