МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Чорсу»-и ноҳияи Муъминобод вохӯрӣ доир гардида, намояндагони ҳизбӣ дар маҷлис иштирок ва андешаронӣ карданд.
Масъулин зимни суханронӣ вобаста ба самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, ки санаи 26.12.2019 аз ҷониби Роҳбари давлат ироа гардид, суханронӣ намуда, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд. Инчунин, дар идома дар бораи маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози ақида намуда, ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва интихоби дурусту оқилона дар раванди интихобот даъват намуданд.