КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ниҳолпарвар» оид ба тарғиби нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизби шаҳри Кӯлоб оид ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, аҳли ҷомеаро водор месозад, ки дар ободиву сарсабзии мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки дар ободониву кабудизоркунии шаҳр саҳми кормандони бахши ободонӣ басо назаррас буда, шоёни таҳсин аст.