БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ДАСТУРИ СОЗАНДА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Маркази ВМНО-и минтақаи Кӯлоб" ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола баён доштанд ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки  намояндагони  ҳизбӣ  мулоқот  баргузор гардид.

Нахуст, масъулин аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки Паём ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳар кадом аз бандҳои Паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, хусусан омӯзиши китобҳои илмию бадеӣ, ки  барои ҳар як шаҳрванд дар ташаккули суханронии эшон мусоидат хоҳад намуд. Бандҳои Паём дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳимми мамлакат, монанди илм, маориф, иқтисодиёту тандурустӣ низ равона карда шудааст. Дар охир аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки то ба маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода,  яъне интихобот рӯзҳои ба шумор мондааст ва дар рафти маъракаи интихоботӣ фаъолона иштирок намоед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg