БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБИ “ТОҶИКОН” ТУҲФАЕСТ АРЗАНДА БА ХОНАДОНИ МАРДУМИ ТОҶИК

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи парлумонӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинони кӯчаҳои Айнӣ, Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Бобоюнус, А. Мӯсо, Ҷумаев ва С. Шакар бо иштироки намояндагони ҳизбӣ мулоқот  баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин  қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ вобаста ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ баромад намуда, аз ҷумла ба китобу китобхонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ҳамин замина дастур доданд, ки ба ҳар хонадони сокини мамлакат китоби “Тоҷикон”- и устод Бобоҷон Ғаффуров ҳадя карда шавад. Чунин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат барои бедор кардани ҳисси миллӣ дар замири ҳар шаҳрванд таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Дар фарҷом аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона ширкат намоянд ва номзади арзандаи хешро интихоб кунанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg