БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИММИ СИЁСӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии "Чорбоғ" мулоқот дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Сараввал иброз карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, аз як тараф натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ кашида, аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар Паёмҳои худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки баъд аз ҳар Паём давраи нави пешрафту шукуфоии кишвар ба амал меояд ва аз Паём то Паём ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, ҳамзамон, барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.

Дар охири мулоқот аз иштирокчиён оид ба раванди гузариши интихоботи дарпешистода ва иштироки фаъоли онҳо дар маъракаи муҳими сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg