БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА ҲАР ЯК ШАҲРВАНД РОҲНАМОИ АСОСИИ ЗИНДАГӢ МЕБОШАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Таваллудхонаи шаҳрӣ" вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки ҳарчанд, ки натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад. Яъне, Пешвои миллат нисбат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар охир иштирокчиёни маҷлис ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мобарои оянда буда, иҷрои он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg