БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ОБОД НАМУДАНИ МАҲАЛЛИ ХУД, ТОҶИКИСТОНРО ШУКУФОН МЕКУНЕМ!

КУБОДИЁН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми  Пешвои миллат ва тарғибу ташвиқи моҳияти Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия  дар мавзӯи “Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро гулгулшукуфон мекунем!” сухан намуда, қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.  Дар охир мавсуф  даъват бар он кард, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманди маҳал дар сохтмони ҳар гуна иншоотҳои маъданиву маишӣ ва тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ камари ҳиммат банданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg