
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деӽаи Навбаӽори ҷамоати деӽоти Тугарак мулоқот баргузор гардид.
Масъулин дар суханронии худ оид ба роҳҳои амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ муайян шудаанд, ёдовар шуда иброз доштанд, ки татбиқи мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб мебошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷамъона кӯшиш намоем