БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ!

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ИСА-и вилоят” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Дар он намояндагони Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар шаҳри Бохтар гуфтанд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия шуда, дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти давлату ҷомеа инъикос ёфтаанд. Бахши сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар  ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ  ва сохтмони санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд. Доир ба ин масъала Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg