БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои созанда вазифаи ҳар як узви ҳизбро, новобаста ба он, ки дар кадом сатҳ фаъолият мекунад, ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳанги кишвар, таъмини зиндагии шоистаи мардумро муайян менамояд. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Боғбунёд” ва “Ороиши шаҳр” мулоқот баргузор гардида, аз тарафи намояндагони ҳизбӣ дар бораи масъалаҳои болозикр андешаронӣ карда шуд. Дар охир ба 20 нафар кормандони корхона, ки барои аъзошавӣ ба ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.