БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РИСОЛАТИ МОСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқи ҷануб” вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар баррасӣ шуда буд, қайд гардид, ки ҳоло дар кишвар дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор андохтем. Дар робита ба ин масъала, Президенти кишвар Ҳукумати мамлакатро  вазифадор намуданд, ки ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосир назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар охир шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки  мо кормандони соҳаи барқ ҳамеша дар пайи амалӣ намудани дастурҳои Сарвари кишварамон омодаем ва барои иҷрои он ҳамаи корҳои лозимаро  ба роҳ мемонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg