БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУШЁРИВУ ЗИРАКӢ МЕБОЯД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Дандонпизишк»-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ доштанд. 

Дар вохӯрӣ масулини Кумитаи иҷроия изҳор намуданд, ки ҳама гуна хатарҳое, ки барои пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид мекунанд, бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шаванд, зеро Истиқлолият дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тӯли ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо минтақаҳои гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва зидиятҳои байни миллатҳо фаро гирифта истодааст, ки албатта метавонанд дар самти зуҳуроти ҷинояткории муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм заминаҳои бештар фароҳам созад.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти худро беш аз пеш барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg