БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОД ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ситоди навбатии  пешазинтихоботии ҲХДТ доир гардид. Дар кори Ситод раисони комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ва аъзои Ситод  иштирок доштанд.  Одилҷон Маҳмадов - раиси  Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иброз дошт, ки бояд аъзои ситод фаъолияти худро дар асоси  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои дахлдор ба роҳ монда ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Ҳамзамон  аз ҳозирин хоҳиш кард, ки зимни бақайдгирии номзадҳо, ташкили вохӯрии онҳо бо интихобкунандагон ва истифодаи шиорҳои  таблиғотӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни болозикр риоя намоянд. Инчунин аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳангоми вохӯриҳо бо интихобкунандагон  ба таври васеъ шиносонида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg