БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ

БОХТАР: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзои   ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тандурустии вилоят” вохӯрӣ баргузор карданд. Дар ин вохӯрӣ масъулон қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳуҷҷати стратегӣ, муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад. Ба мову шумо маълум аст, ки Президенти кишвар дар ҳар Паёми худ оид ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус медиҳанд. Барои ҳар як давлат солимии аҳоли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам оварем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg