БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шоҳин”-и шаҳри Бохтар оид ба тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд. Масъулон доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ гуфтанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби ҷомеа ба ҳифзу нигодорӣ ва рушди мероси моддӣ ва ғайримодии кишвар, мусоидат ба рушди сайёҳии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ, мусиқии миллӣ ва ҷаҳонӣ дар байни кӯдакон, наврасон ва ҷавононро идома хоҳад дод.
Дар идомаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳин” Юсуфзода Тутинисо таъкид дошт, ки барои мо кормандони соҳаи китобу китобдорӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим буд, ки дар он муҳтарам Пешвои миллат ба китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.