БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зироаткорӣ»-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор карданд. Дар ин вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи Пешазинтихоботи ҲХДТ ва номзадҳои ба иштирокдорон шарҳ дода шуданд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, ки ба таъмини аҳолии мамлакат бо ғизо ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барои зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ тавассути дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳа истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар раванди истеҳсолоти ватанӣ бояд ҳама дастҷамъона кор барем – иброз доштанд ташкилкунандагони вохӯрии мазкур.