БОХТАР: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коргоҳи дӯзандагӣ»-и шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи Пешазинтихоботи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қайд карданд, ки дар Паём Президенти кишвар вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2020 муайян намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.