АНДЕША. Тамоми халқи Тоҷикистон бесаброна интизори Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон буданд. Аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар охири сол ироа мегардад мардуми Тоҷикистон умеду омоли зиёд доранд.
Рӯзи 26 декабри сли 2019 аз толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар рафти суханрониашон Ҷаноби олӣ пешрафт, бурду бохти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар: саноату инқтисод, роҳу нақлиёт, амният, мудофиа, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама сатҳои рушд ва тарааққиёт, дастовардҳои мардуми тоҷикро нуқта ба нуқта таҳлил намуда, вазифаҳоро барои соли нави пешомад аниқ намуданд.
Соли гузашта барои мардуми тоҷик соли хотирмон буд, дар ин сол ду агрегати Неругоҳи Барқӣ-обии Роғун ба роҳ монда шуд, ҳаракати қатораҳо байни ҷумҳуриҳои ҳамсояи Узбекистон ва Тоҷикистон барқарор гардида, халқҳои дӯсту ҳамсоя аз нав қарин ва қадрдон гаштанд. Мардуми тоҷик тавонист иқтисодиёти худро қариб дар тамоми соҳаҳо аз бумбасти иқтисодӣ барорад. Нишондоди он - сатҳи камбизотати дар ҷумҳурӣ ба 27,5 фоиз кам гаштааст, ҳаҷми умуми даромади буҷет назар ба соли 2013 ду маротиба афзуд, даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд гашта, музди меҳнати миёна 2,4 маротиба зиёд гашта, тараққиёти соҳаи кишоварзӣ, саноат илму маориф назаррас шуд.
Дар партави ин ҳама дигаргуниҳо дар симои ноҳияи Шаҳритузи бостон низ бараъло маълум шуданд. Дар баробари халқи заҳматкаши кишвар сокинони ноҳияи Шаҳритуз баҳри ободу зебо гаштани симои ноҳия, беҳ гаштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, бархурдори аз теникаю технологияҳои муосир, дар баробари замон қадамзадан саъю кушиш мекунанд.
Имрӯзҳо кӯчаю маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чароғон буда, амнияту осоиштагӣ сокинон таъмин мебошад. Дар муддати хело кутоҳи вақт симои маркази шаҳраки Шаҳритуз пурра дигаргун гаштааст. Роҳҳои мошингард, пиёдароҳаҳо, боғу чорбоғҳо ба пуррагӣ чароғон гардонида шуда, дар хиёбони марказии шаҳраки корҳои азнавсозӣ то ҳол давом дошта, саҳни майдон аз нав сафолпӯш карда шуда, пойдевор баҳри васли рамзҳои давлатӣ - Парчам ва Нишони Миллӣ гузошта шудаистодааст.
Пайкараи сараҷдоди тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ аз нав тармим гашта, саҳни майдон бо чароғҳои баланду зебо оро дода шуда, бо фарорасии торикӣ нурафшон мешаванд ва ин манзара хело назаррабою дилпазир мебошад.
Дар ноҳия дар муддати хело кам бинои нав Шуъбаи маориф, якчанд муассисаи таълимӣ, иншооти маданӣ-маърифатӣ қомат афрохта истодааст ва то фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба истифода дода мешаванд.
Туйчиева С.Р, Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз.